Рӯҳонӣ Раҳмонро бо милоди Пайғамбар табрик кард: ишора бар ҳодисаҳои Фаронса

Раисҷумҳури Эрон, Ҳасан Рӯҳонӣ раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро бо милоди ҳазрати Муҳаммад (с) табрик кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Ба гузориши "Парс тудэй" раисҷумҳури Эрон дар номаи шодбошиаш аз ҳодисаҳои ахир дар Фаронса ёдрас шудааст ва гуфтааст, Эрон онро шадидан маҳкум мекунад ва аз кишварҳои дигари исломӣ низ ҳаминро интизор аст.

"Тавҳин ба чунин шахсияти бузургворе, тавҳин ба арзишҳо, ахлоқу озодӣ аст ва ҳимоят аз тавҳинкунандагон, ҳимоят аз разолат, палидӣ, ҳурматшиканӣ ва ҳимоят аз ифротгароӣ хоҳад буд ва Ҷумҳурии Исломии Эрон чунин амалеро ба шиддат маҳкум мекунад, интизори мо аз кишварҳои исломӣ низ маҳкум кардани ингуна иқдомоти нобихирадонааст", - таъкид кардааст вай.
Қодиров дар бораи карикатураи паёмбар, гунаҳкорони қатли омӯзгор ва оқибати амали Макрон

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳор умедворӣ кардааст ба юмни баракати ин милоди фархунда, битавонем раванди мубориза бо вируси КОВИД-19-ро суръат бахшида ва шоҳиди решакан шудан ва дармони бемории корона дар саросари ҷаҳон бошем.

Рӯҳонӣ ибрози итминон кардааст: Рӯзҳои сахте, ки ин бемории вайронгару хонамонсӯз насиби ҷаҳониён карда ба кумаки якдигар ба зудӣ сипарӣ хоҳад шуд ва бори дигар саломатӣ ва равнақи зиндагӣ ба тамомии башарият ва махсусан мардуми кишварҳои исломӣ боз хоҳад гашт.

Ақабнишинии Макрон аз мавозеи исломситезона

Вай дар поён аз Худованди мутаъол саломатӣ ва муваффақияти раиси ҷумҳурӣ ва иззату беҳрузии мардуми Тоҷикистонро хостор шудааст.