Наришкин гуфт рақиби асосии Хадамоти иттилооти хориҷии Русия кист

Роҳбари Хадамоти иттилооти хориҷии Русия, дар як мусоҳибаи хос дар бораи кори Хадамоташ ва рақиби аслии он ва таъсири кишварҳои ғарб ба кори Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, СҲШ ва СПАД-ро тавзеҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Сергей Наришкин, роҳбари Хадамоти иттилооти хориҷии Русия имрӯз дар мусоҳиба бо роҳбари Ожонсии байналмилалии иттилотии “Россия сегодня” Дмитрий Кисилёв таъкид дошт, ки рақиби аслии хадамоташ ин Созмони итилооти марказии Амрико (CIA) мебошад.

Чаро Ғарб дар сабқати ваксинасозӣ бой дода истодааст: интиқодот аз Русия

“Бале, сохторҳои кашшофии Амрико ба хусус Созмони итилооти марказии Амрико (CIA) яке аз беҳтарин ба ҳисоб мераванд. Ба ҳамин хотир мо онҳоро рақиби аслӣ медонем”, гуфт Наришкин.

Дар ҳамин ҳол, оқои Наришкин таъкид дошт, ки хадамоташ бо сохторҳои кашшофии Амрико мубодилаи маълумотро идома дорад. Вай афзуд, ба хусус мубодилаи маълумот бо Амрико дар мавриди мубориза бо терроризм идома дорад.

Наришкин илова кард, ки чунин таҷриба дар тамоми ҷаҳон мушоҳида мешавад.

Ҳамзамон Сергей Наришкин қайд кард, ки Хадамоти иттилооти хориҷии Русия ба рӯйхати сегонаи беҳтарин сохторҳои кашшофӣ дохил мешавад.

“Мактаби кашшофии мо дар ҷаҳон яке аз беҳтарин аст. Ин ба монанди беҳтарин мактаби балети русӣ ё мактаби риёзидонҳои иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия аст. Ин ҷои шаке ҳам надорад”.

Ҳамзамон роҳбари Хадамоти иттилооти хориҷии Русия гуфт, ки Амрико тасмим доранд ба кори Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, СҲШ ва СПАД низоъ андозанд.

Вай афзуд, ки кишварҳои ғарб дар пасманзари мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишварҳои худ мехоҳанд ба кори Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, СҲШ ва СПАД низоъ андозанд.

Дар Ғарб талаби бастани рӯзномаи "The Guardian"-ро карданд. Русия алакай айбдор карда шуд

“Раванди имрӯза вазъи сиёсӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки тартиби ҷаҳоние, ки ғарб сохтааст дорад нобуд мешавад ва ба ҷои он бисёрқутбӣ мерасад. Назар андозед ба Амрико, онҳо имрӯз ба буҳрони амиқи иҷтимоиву иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуданд”, илова кард Сергей Наришкин.

Инчунин вай афзуд, ки чунин ҳолати буҳронӣ имрӯзҳо дар бархе  аз кишварҳои Аврупо низ дида мешавад.

“Бархе ааз кишварҳои аврупоӣ бо симои терроризми байналмилалӣ пурра ошно шуданд. Ин мушкилот дар ин кишварҳо бештар ба сиёсати начандон дурандеши муҳоҷиратӣ вобаста аст.  Фикр мекардем, ки амрикоиҳо ва аврупоиҳо бояд пеш аз ҳама мушкилоти дохилии худро ҳал кунен, аммо мутаасифона онҳо то имрӯз кушиш доранд дар дигра кишварҳои ҷаҳон бесарусомониҳо эҷод кунанд”.

Вай гуфт, кишварҳои ғарб мехоҳанд миёни кишварҳое, ки бо Русия ҳамкорӣ доранд, низоъ ворид кунанд.

“Ба фаҳмиши онҳо дар минтақаи Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, СҲШ ва СПАД давлати истиқлол бояд вуҷуд надошта бошад. Онҳо кушиш доранд миёни кишварҳое, ки бо мо наздик ҳастанду бо мо ҳамкории наздик доранд низоъ ҷорӣ кунанду, ба ҷараёни кор халал расонанд”, зикр кард Наришкин.