"Лимит"? : чаро дар Тоҷикистон барқкушӣ сар шуд

Сокинони бархе манотиқи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор ва Файзобод дар атрофи Душанбе эълом кардаанд, ки барқ ​​ҳамарӯза аз соати 8 то 17-и шом қатъ мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон маҳдудиятҳои интиқоли барқ аз соати 8 субҳ оғоз шуда ва то соати 17 идома дорад, гузориш додааст "Авесто".

Қарзи "Барқи тоҷик" ба 154 миллион доллар расид

Тавре "Парс тудэй" дар истинод ба манбаъ менависад, сокинони бархе манотиқи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор ва Файзобод дар атрофи Душанбе эълом кардаанд, ки барқ ​​ҳамарӯза аз соати 8 то 17-и шаб қатъ хоҳад шуд.

Сухангӯи Ширкати давлатии "Барқи тоҷик" сабаби қатъи барқро таъмир ва таҷдиди хатҳо арзёбӣ кард ва гуфт, ки ин ба зудӣ хотима хоҳад ёфт.

Тибқи иттилои "Барқи тоҷик", тавлиди нерӯи барқ ​​дар Тоҷикистон дар моҳҳои январ-сентябри соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 6% коҳиш ёфта, ба 14 миллиарду 788 миллион киловатт соат расидааст.

Бе барқ намемонем: НБО "Норак" ва "Бойғозӣ" ба фасли зимистон комилан омодаанд

Содироти нерӯи барқи Тоҷикистон низ дар ин давра 43,4 дарсад коҳиш ёфтааст.

Меъёри барқ ​​дар бахшҳои хонавода ва саноат дар Тоҷикистон пас аз 20 сол соли 2018 ба поён расид, аммо баҳори имсол аз сар гирифта шуд.