ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Дар моҳҳои январ то сентябри имсол дар Тоҷикистон фаъолияти 106 корхона ва 76 коргоҳ дар бахшҳои тавлиди маводи ғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ, бофандагӣ ва истихроҷи маъдан оғоз ёфтааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, ин марказҳои ҷадиди саноатӣ дар 9 моҳи имсол ба маблағи 891 миллион сомонӣ маҳсулот тавлид кардаанд, ки баробар бо 3,3 дар сад аз тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон мебошад.
Бо ин иқдом акнун саҳми маҳсулоти бахши саноеъ дар тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон ба 17,9 дар сад расидааст.
Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар кишвар 2300 корхона ва коргоҳ, аз ҷумла 694 дар Суғд, 613 дар Хатлон, 471 дар Душанбе, 425 дар минтақаи марказӣ ва 50 коргоҳ дар вилояти Бадахшон ҷойгир аст.