Вазорат: 677 нафар дар Тоҷикистон гирифтори коронавирусанд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, феълан дар кишвар 677 нафар гирифтори коронавирус мебошанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, тайи шабонарӯзи гузашта 42 ҳолати ҷадиди гирифторӣ ба коронавирус ошкор карда шуд.

Антителаҳо одамро чанд муддат аз коронавирус ҳифозат мекунанд: шарҳи олимон

Манбаъ таъкид кард, ки дар маҷмуъ аз охири моҳи апрел то шоми имрӯз 11 ҳазору 96 нафар гирифтори коронавирус гардиданд.

Вазорат тавзеҳ дод, ки то шоми имрӯз 10 ҳазору 337 нафар шифо ёфта, 82 нафар фавтидаанд. Бар асоси ин омор, теъдоди онҳое, ки айни ҳол дар Тоҷикистон, расман гирифтори коронавирусанд 677 нафарро ташкил медиҳад.

“Дар як шабонарӯзи охир 54 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10337 (93,1%)  баробар гардид”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, тайи шабонарӯзи гузашта ҳеҷ ҳолати фавт аз ин маризӣ ба қайд гирифта нашуда, теъдоди фавтидагон аз коронавирус ҳамоно 82 нафарро ташкил медиҳад.