Сокини Рӯдакӣ ҳамсари 31 - солаашро буғӣ карда кушт

Арест, архивное фото
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як ҳодисаи одамкушӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар медиҳад. Марди 33 - сола ҳамсари ҷавонашро буғӣ карда кушт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Кормандони милитсия марди 33 - солаи сокини ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакиро ба гумони одамкушӣ дастгир намуданд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Топор, архивное фото
Ба манзилаш бурд ва се маротиба бо табар ба гарданаш зад: куштор дар Суғд

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур санаи 1 ноябр, тахминан соати 9:00 рух дод.

Ҷазои Суванқулов барои куштор ҳангоми ҳамхобагии собиқ занаш бо ҳамсоя-видео

Номбурда бинобар сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш зани 31 - сола, ҷангу ҷанҷол карда, бо дастонаш ӯро бӯғӣ карда ба ҳалокат расонидааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.