Бонки миллӣ гуфт, чаро нархи равғану шакар қиммат шуд: боз гарон мешавад

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар баробари паст шудани нархи баъзе аз маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, арзиши иддае аз маҳсулоти воридотӣ боло хоҳад рафт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Бино ба гузориши ин ниҳод, пайдо шудани монеаҳо дар содироти баъзе аз маҳсулоти хӯроквории ниёзи аввалия дар ҷумҳурӣ, бахусус маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ то андозае ба пастшавии нархи маҳсулот дар бозорҳои ватанӣ сабаб гардид.

Чаро нархҳо боло рафтанд? – шарҳи муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо

Зеро, маҳсулоти содиротии тару тоза ва сифатан аъло ба бозорҳои дохилии кишвар барои фурӯш бароварда шуданд.

Ин ниҳод гуфтааст, дар баробари ин болоравии баъзе аз маҳсулоти воридотӣ дар назара аст.

Манбаъ мегӯяд, дар семоҳаи 4 вобаста ба кам гардидани истеҳсоли молҳои ниёзи аввалия бахусус, маҳсулотҳои равғанӣ, шакар ва болоравии нархи онҳо дар кишварҳои содиркунанда, инчунин афзоиши фишорҳои қурбӣ эҳтимолияти болоравии сатҳи нархҳо дар бозорҳои кишвар дар назар аст.

"Ҳамзамон, эҳтимоли хотима ёфтани пандемияи коронавирус (COVID-19) дар давоми соли оянда, боиси яку якбора афзоиш ёфтани даромаднокии аҳолӣ ва талаботи маҷмӯӣ дар ҳамаи кишварҳо гардида, ба сатҳи нархҳо таъсири манфӣ хоҳад расонд", - афзудааст манбаъ.

Тибқи тадқиқотҳои дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ гузаронида шуда, интизории аҳолӣ оид ба тағйирёбии сатҳи умумии нархҳо дар 12 моҳи минбаъда то 7,9 фоиз баҳодиҳӣ гардидааст, гуфтааст Бонки миллӣ.

Аз заминҳои камҳосил то нархи баланди чорвою камширии говон: баҳси сиёсати аграрӣ
Ба иттилои манбаъ, паҳншавии босуръати пандемияи коронавирус (COVID-19) дар баробари дигар давлатҳои ҷаҳон, бахусус шарикони асосии савдо, ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ бинобар зиёд шудани омилҳои берунӣ, аз ҷумла маҳдуд гардидани равобити марзӣ ва коҳиш ёфтани муомилоти тиҷоратӣ таъсири манфӣ расонида истодааст ва идома ёфтани паҳншавии он метавонад боз ҳам таъсири худро ба иқтисодиёт зиёдтар намояд.

Ба гуфтаи бонки миллӣ, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нархи нафт ба ҳолати 16-уми октябри соли ҷорӣ барои 1 барел 42,8 доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 35,2фоиз коҳиш ёфтааст.

"Рушди воқеии иқтисодиёт ва қурби пули миллии (рубли) Федератсияи Русия аз тағйирёбии нархи нафт вобастагии зиёд дошта, метавонад ҳамчун шарики асосии стратегӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфии худро расонад",- навиштааст ин ниҳоди молии кишвар.

Болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар Тоҷикистон: чанд буду чанд шуд?

Ин бонк гуфтааст, бо назардошти омилҳои зикргардида ва инчунин боқӣ мондани номуайяниҳо дар иқтисодиёти ҷаҳон ва эҳтимолияти зиёдшавии хавфҳои берунӣ, аз ҷониби Кумита пешниҳод гардид, ки меъёри бозтамвил, ҳамчун фишанги асосии сиёсати пулию қарзӣ бетағйир дар сатҳи 10,75 фоиз нигоҳ дошта шавад.