Шумораи қурбониёни заминҷунбии мудҳиш дар Туркия ба 42 нафар расид - навор

Наҷотбахшон аз зери харобаҳо ҳамоно ҷасади қурбониёни замиларзаи мудҳишро берун меоранд. Фаъолияти гурӯҳҳои имдодрасон то ҳол идома дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Шумораи умумии қурбониёни заминларзаи мудҳиш дар ғарби Туркия ба 42 нафар афзоиш ёфт, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Агентии ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар.

Қаблан аз 39 кушташуда ва 885 ҷароҳатбардошта хабар дода мешуд.

"Шумораи қурбониён ба 42 нафар расид. Дар Измир гурӯҳҳои наҷотбахш ҳамоно дар 9 бинои фурӯррафта кооҳои ҷустуҷӯиро идома медиҳанд", - таъкид мешавад дар хабар.

Ёдовар мешавем, шоми 30 октябр дар Туркия заминҷунбии мудҳише рух дод, ки Юнонро ҳам такон дод.

Мудҳиштарин заминларза дар Туркия ҷони 25 касро гирифта беш аз 800 касро захмӣ кард

Қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 7 баллро ташкил додааст. Пас аз чанде марказҳои зилзиласанҷӣ боз рави заминро бо қувваи 5 балл ба қайд гирифтаанд.

Дар робита ба офати табиӣ дар Туркия, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои худ Реҷеп Тайиб Эрдуғон изҳори ҳамдардӣ карда буд.

Президенти Тоҷикистон гуфтааст, ки хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани мардум, ҳамчунин харобиҳои зиёд бар асари заминларзаи шадид дар минтақаҳои ғарбии Туркия боиси андўҳи амиқи ӯ гардидааст.

"Дар ин зимн ҳамдардиву тасаллии самимии ин ҷонибро ба мардуми дӯсти Туркия иброз дошта, ба аҳли пайвандону наздикони қурбониёни ин офати табиии фоҷеабор сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам", - омадааст дар номаи таслияти раисиҷумҳури Тоҷикистон.