Андӯҳгин шудем: ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба gрезиденти Туркия Реҷеп Тайиб Эрдуғон изҳори ҳамдардӣ кардаааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон ба ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон изҳори таслият кард, хабар медиҳад котиботи президенти Тоҷикистон.

Президенти Тоҷикистон гуфтааст, ки хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани мардум, ҳамчунин харобиҳои зиёд бар асари заминларзаи шадид дар минтақаҳои ғарбии Туркия боиси андўҳи амиқи ӯ гардидааст.

"Дар ин зимн ҳамдардиву тасаллии самимии ин ҷонибро ба мардуми дӯсти Туркия иброз дошта, ба аҳли пайвандону наздикони қурбониёни ин офати табиии фоҷеабор сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам", - омадааст дар номаи таслияти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Ёдрас мешавем, ки дирӯз, 30 октябр дар Туркия заминларзаи шадиде ба вуқӯъ пайваст, ки харобиҳои зиёде дар пай дошт.

Эрдуғон маҷаллаи фаронсавиро барои карикатура ба додгоҳ кашид

Дар паи ин заминларза 25 кас ба ҳалокат расида, беш аз 800 нафар захмӣ шудаанд.