Сержант то омадани оташнишонҳо сӯхторро хомӯш кард

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, новобаста аз бурдани корҳои зиёди пешгирикунанда, ҳамоно бисёре аз масъулини дӯкону марказҳои савдо, мағозаву бозорҳо қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро нодида мегиранд
Sputnik

ДУШАНБЕ,  31 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, шаби 29 ба 30-юми октябри соли равон тахминан соати 01:00, дар маҳаллаи 91-уми шаҳри Душанбе, дар нуқтаи савдои тезтайёр сӯхтор сар зад.

Соҳибаш дар шаҳр нест: қурутобхонаи машҳури "Зарафшон" пурра сӯхт? -видео

"Дар ин ҳангом корманди ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе, сержанти хурди милитсия Мирзоев Хуршед, ки дар ин минтақа хизмат мебурд, ин ҳодисаро пай бурда, дар баробари хабар додани ба бахши оташнишонӣ, худ низ дарҳол аз паи хомӯш намудани сӯхтор мешавад. Мавсуф ба воситаи тирезаи нуқтаи савдо ворид онҷо шуда, оташро дар як муддати кӯтоҳ хомӯш мекунад", - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, дар натиҷа аз таъсири алангаи оташ қисми рости пешонии сержанти хурди милитсия Мирзоев Хуршед осеб дидааст. Айни ҳол номбурда бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ дар Раёсати тибби ВКД таҳти муоинаи табибон қарор дорад.

ВУД таъкид кардааст, ҷасорат, масъулият ва садоқати корманди милитсия буд, ки ин ҳодисаи сӯхтор хомӯш карда шуду дигар ашёҳои нуқтаи савдо аз коми оташ эмин нигоҳ дошта шуданд.