Сабукӣ барои вакилони парлумон: рафтуомади ройгон дар автомобил, қатор ва ҳавопаймо

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба қонун “Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа дар парлумони гуфт,  узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди шаҳодатнома метавонад аз аз нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавоии мусофирбар дар қаламрави ҷумҳурӣ ройгон истифода барад. Ӯ таъкид намуд, ки дар ин бахш танҳо таксӣ истисно мебошад.

Ба халқ содиқона хизмат мекунам: Президент савганд ёд кард

“Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд бо пешниҳоди шаҳодатномаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ, обӣ ва автомобилии мусофирбари шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ройгон истифода намоянд”, - хабар дод нашрияи “Садои мардум” аз қавли Азим Иброҳим.

Ӯ афзуд, шахсе, ки узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки маъюби гурӯҳи якуманд, ҳамроҳӣ мекунад, чунин ҳуқуқро дорад. Т

Ба гуфтаи Азим Иброҳим, тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон аз тағйироти мазкур ҷонибдорӣ карданд.