ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар навори видеоӣ дида мешавад, ки нафари таҷлилкунанда барои ин маросим деги ош мондааст.
Ҳамзамон зимни намоиши дастархон, ки хеле зебо оро дода шудааст, худи ӯ мегӯяд ин ҳама ба хотири таҷлили маросими савгандёдкунии раисиҷумҳур аст.
“Ин барои савгандёдкунии пешвои миллат. Барои ин дафъа ҳам дар сари миллати мо соябони сараш кардааст Худованди бузург. Барои аз нав шоҳи ҷаҳон, шоҳи тоҷикони олам таъйин шуданаш як мол хун кардам, ба дасти фақиронаи ман ба дуои фақиронаи ман иншоАллоҳ".
Ӯ ҳамзамон дуои дарозумрии раҳбари кишварро карда гуфтааст, дар баробари дуои фақиронааш боз миллионҳо фиқироне ҳастанд, ки дар ҳаққи раисиҷумҳур дуо мекунанд.
Яке ӯро бо чунин амалаш “лагандбардор” ва ё вазифаталиби дигаре унвон кардаву дигаре навиштааст, ки кадом маросими дигар асту муаллифи навор “бо як тир ду нишон задааст”ва сеюми бошад гуфтааст, ки хуб мешуд ин ҳамаро барои ягон камбизоат ва ё ятимон хайр мекард.
Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмонам, ки будам: эҳсоситарин нуқтаҳои суханронии Президент
Ҳамзамон дар баробари ин бо ҷонибдорӣ аз ӯ низ навиштаанд, ки ба касе гуш накунад ва ҳамзамон навиштаанд, ки хуб асту, аммо чунин дастархонҳоро дар моҳи мубораки Рамазон низ иҷоза медоданд боз хуб мешуд.
Ёдовар мешавем, рӯзи гузашта, 30 октябр дар Душанбе маросими савгандёдкунии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.
Пуршукӯҳ ва зебо: гузориши аксӣ аз маросими савгандёдкунии раисҷумҳури Тоҷикистон
Маросими пуршукӯҳ аз Қасри миллат оғоз гардид, дар Кохи Сомон идома ёфт ва дар майдони Дӯстӣ бо баргузор шудани гузашти низомии зебое ба анҷом расид.