Рӯзи 30 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1908 Русия соҳиби аввалин медали тиллои олимпӣ гардид.
Соли 1918 Осорхонаи мардумони Шарқ таъсис дода шуд.
Соли 1943 дар Маскав дар натиҷаи баргузории конфронс миёни Иттиҳоди Шӯравӣ, ИМА, Англия ва Чин оид ба таъсиси СММ шартнома ба имзо расид.
Соли 1959 дар натиҷаи пай дар пай ба амал омадани заминҷунбӣ ва тӯфон дар Мексика 5 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.
Соли 1974 дар Лондон китоби Чарл Чаплин "Зиндагии ман дар филм" ба нашр расид.Соли 1995 америкоиҳо нахустин маротиба ҳайати иборат аз 8 нафарро ба кайҳон фиристоданд.
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Клуби сиёсатшиносони ҷавони УрОсиё баргузор гардид.
Рӯзи 30 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2000 - дар Тоҷикистон пули миллӣ ба сомонӣ иваз шуд.
Соли 2011 - Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV бо сафари серӯза ба Тоҷикистон омад.
Соли 2012 дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ мактаби нави замонавии онро мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон муовини вақти вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Хунвейро ба ҳузур пазируфт.
Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои ширкат дар ҳамоиши навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои ИДМ ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буданд, ба ҳузур пазируфт.
Соли 2015 масоили гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Русия баррасӣ шуданд.
Ҷашнҳои рӯзи 30 октябр
- Рӯзи меҳнат дар Зеландияи Нав
Рӯзи 30 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Соли 1926 олими забоншинос, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ.
Соли 1946 фаъоли ҷамъиятӣ Файзулло Абдуллоев.