Пуршукӯҳ ва зебо: гузориши аксӣ аз маросими савгандёдкунии раисҷумҳури Тоҷикистон

Sputnik

Имрӯз, 30 октябр дар Душанбе маросими савгандёдкунии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Маросими пуршукӯҳ аз Қасри миллат оғоз гардид, дар Кохи Сомон идома ёфт ва дар майдони Дӯстӣ бо баргузор шудани гузашти низомии зебое ба анҷом расид.

Эмомалӣ Раҳмон стратегияи рушди Тоҷикистонро барои 7 соли оянда муайян кард

Дар Қасри миллат ба Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатнома, орден ва нишони президентӣ супорида шуд.

Эмомалӣ Раҳмон бо ворид шудан ба Кохи Сомон дар назди ҳайъати бузурги Ҳукумат, вакилон ва фаъолони кишвар савганд ёд кард.

"Ман ҳамчун президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам. Ба халқ содиқона хидмат менамоям”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмонам, ки будам: эҳсоситарин нуқтаҳои суханронии Президент

Дар ҳамин ҷо президент аз дастовардҳои 7 соли гузашта ва нақшаҳои ҳукумат ба 7 соли оянда гуфт.

Дар майдони Дӯстӣ Шералӣ Мирзо аз номи низомиёни кишвар,  ба номи Сарқонун, Президент ва Мардуми кишвар савганд хӯрд.

Раисҷумҳур дар назди 7 ҳазор низомӣ сухан гуфт ва баъди анҷоми гузашти низомӣ ба Қасри миллат баргашт.

1 / 10
Эмомалӣ Раҳмон имрӯз шаҳодатномаи президентиашро ба даст гирифт ва расман дар марҳилаи нави раисиҷумҳурӣ дар кишвар ба кор шурӯъ кард
2 / 10
Имрӯз, 30 октябр дар Душанбе маросими савгандёдкунии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд
3 / 10
Маросими пуршукӯҳ аз Қасри миллат оғоз гардид, дар Кохи Сомон идома ёфт ва дар майдони Дӯстӣ бо баргузор шудани гузашти низомии зебое ба анҷом расид
4 / 10
Дар Қасри миллат ба Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатнома, орден ва нишони президентӣ супорида шуд
5 / 10
Эмомалӣ Раҳмон бо ворид шудан ба Кохи Сомон дар назди ҳайъати бузурги Ҳукумат, вакилон ва фаъолони кишвар савганд ёд кард
6 / 10
"Ман ҳамчун президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам. Ба халқ содиқона хидмат менамоям”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
7 / 10
Дар ҳамин ҷо президент аз дастовардҳои 7 соли гузашта ва нақшаҳои ҳукумат ба 7 соли оянда гуфт.
8 / 10
Дар майдони Дӯстӣ Шералӣ Мирзо аз номи низомиёни кишвар,  ба номи Сарқонун, Президент ва Мардуми кишвар савганд хӯрд.
9 / 10
Эмомалӣ Раҳмон ваъда дод, ки дар назди мардуми Тоҷикистон содиқона хизмат мекунад
10 / 10
Низомиён низ дар назди раисҷумҳур ба номи президент, Сарқонан ва мардуми Тоҷикистон савганд ёд карданд