Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмонам, ки будам: эҳсоситарин нуқтаҳои суханронии Президент

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми маросими савгандёдкунӣ гуфт, ки "то охирон нафас нону намаки мардуми кишварамро фаромӯш нахоҳам кард ва пос хоҳам дошт"
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Президент аз сафарҳои корӣ ба ноҳияҳои дурдаст ва минтақаҳои дури Тоҷикистон ёдрас шуд ва гуфт, ки маҳз дар ин сафарҳо "шоҳиди муҳаббати содиқонаи хурду бузурги кишвар нисбаташ гардидааст". Ӯ гуфт, ки ҷавобан ба ин муҳаббат, "ба чунин халқ бо тамоми вуҷудам хизмат мекунам".

Ба халқ содиқона хизмат мекунам: Президент савганд ёд кард

"Аз хурду бузурги Тоҷикистон самимият ва меҳрубонии зиёд дидам ва ба чунин халқ бо тамоми вуҷудам хизмат мекунам,  бо садоқат, бо тамоми ҳастиям", - таъкид мекунад президент ва меафзояд, ки ҳангоми сафарҳояш борҳо шоҳид шудааст, ки пиру барно аз масофаҳои дур ба дидораш меомаданд ва соатҳо интизораш мешуданд.

"Пас, чигуна ба ин  миллат, мардум фарзандон ва насли ҷавон хизмати содқона накунам?", - таъкид мекунад Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳур 28 соли пеш ва Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ёд меоварад ва мегӯяд, ки он ҷо низ савганд ёд карда буд ва то ҳол дар ҳамон савгандаш содиқ аст.

"Агар дар ёд дошта бошед дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд кардам будам, ки тамоми ҳастиамро ба ин сарзамин мебахшад. Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмонам, ҳамоне ки тамоми ҳастии худамро барои мардуми тоҷик бахшидаам", - мегӯяд бо ҳаяҷон президент.

"Ман ватани маҳбубам ва халқи азизамро сидқан ва беш аз ҷони худ дӯст медорам, зеро ман бо нону намки халқам ба ин мартаба расидам ва ин нону намакро то вопасин нафаси ҳаётам пос медорам ва ба он хиёнат намекунам ва ба он хиёнат намекунам", - такрор мекунад раисҷумҳур.

Маросими савгандёдкунии президенти Тоҷикистон - пахши мустақим

"Савганд ба номи Худо, ба нону намаки мардум, ба поси хотири ҷовидонаи фарзандони он ва ба ҷони  қариб 9,5 миллион мардуми кишвар, ки тамоми ҳастии худамро фидои ин сарзамин ва халқ мекунам. Тоҷикистон ба пеш!", - мегӯяд дар анҷом  Эмомалӣ Раҳмон.