ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунӣ сухан гуфт.
Кишвардор зимни суханронӣ, стратегияи рушди Тоҷикистонро барои ҳафт соли оянда муайян кард.
Ӯ гуфт, дар ҳафт соли оянда бо роҳи истифодаи самараноки захираҳои миллӣ ва тамоми имкониятҳо Тоҷикистон бояд ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил гардида аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳо ва ба кишвари транзитӣ табдил ёбад.
"Дар ин муддат мо бояд ба ҳадафи дигари стратегӣ – ҳифзи амнияти озуқаворӣ наздик шавем, раванди саноатикунонии босуръатро, ки ба ташкили садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ва кам гардидани муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат мекунад, густариш бахшем", - гуфт президент.
Президент гуфт, дар ҳафт соли оянда дар бахши иқтисодӣ ба се вазифаи асосӣ — бо роҳи баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ таъмин намудани рушди устувор, афзоиш додани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва расидан ба сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои даромадашон миёна афзалият дода мешавад.
Ӯ вазифагузорӣ кард, ки дар ҳафт соли оянда бояд афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то ду баробар ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолиро ба 45 фоиз расонида шуда, сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода мешавад.
Сифати хизматрасонӣ дар соҳаи илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадриҷан баланд бардошта шуда, ба ин соҳаҳо аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, бо дарназардошти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ, зиёда аз 123 миллиард сомонӣ равона мегардад.
Сатҳи дастрасии аҳолии кишвар ба маводи ғизоӣ беҳтар гардонида, вобастагии иқтисоди кишвар аз воридоти молҳои озуқа кам карда мешавад.
Раҳмон гуфт, тасмим доранд, ислоҳотро дар самти таъмин намудани рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ идома бахшида, ташаббусҳои созандаи соҳибкоронро минбаъд низ ҳаматарафа дастгирӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро ҳимоя кунем ва низоми маъмурикунонии андозро такмил диҳем.
Аз ҷониби низоми бонкии кишвар барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳафт соли оянда беш аз 100 миллиард сомонӣ қарз ҷудо карда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳафт соли гузашта якуним баробар афзоиш дода мешавад.
Президент таъкид кард, ки барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар ба рушди соҳаҳои саноати маъдан, металлургияи ранга, мошинсозӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ ва дорусозӣ афзалият дода, барои коркарди ҳарчи бештари ашёи хом, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатноки ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда ҳамаи тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунем.
"Дар ҳафт соли оянда бо мақсади густариш бахшидани корҳо дар самти таъмини истиқлоли энергетикии кишвар мо сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои интиқоли барқи оғозгардида, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии амалкунанда ва бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли нерӯи барқро идома мебахшем", гуфт Эмомалӣ Раҳмон..
Ҷиҳати васеъ намудани ҷуғрофияи ҳамлу нақли молу маҳсулот ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ дар ҳафт соли оянда мо 1500 километр роҳҳои мошингарди сатҳи байналмилалӣ бунёд мекунем.
Ба гуфти президент, бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи кишвар, рушди ҳунармандӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ ва соҳаи сайёҳӣ, бахусус, сайёҳии экологӣ, табобативу солимгардонӣ, таърихиву этнографӣ ва фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва дигар намудҳои сайёҳӣ, инчунин, таъсиси инфрасохтори соҳа таъмин карда мешавад.