Саринфексионисти Тоҷикистон дар бораи омодагиҳо ба мавҷи дуюми COVID-19

Эркин Раҳмонов, саринфексионисти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мудири кафедраи бемориҳои сироятии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон омодагиҳо ба мавҷи дуюми бемории коронавирусро шарҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 окт – Sputnik. Раҳмонов мегӯяд, дар кишвар тамоми чораҳо барои пешгирӣ аз мавҷи дуюми коронавирус амалӣ шуда истодаанд ва агар он фаро ҳам расад, бахши тандурустии кишвар захоири кофиро дар ихтиёр дорад.

“Агар мавҷи дуюми беморӣ фаро ҳам расад, захираҳои мо омодаанд. Мо бо дастгоҳҳои иловагии нафасдиҳӣ беморхонаи сироятии шаҳриро муҷаҳҳаз кардем. Инчунин 500 кати иловагиро дар ихтиёр дорем ва 160 кат дар  вагончаҳои махсуси дигар, ки аз ҷониби Ӯзбекистон ҳамчун кумаки башардӯстона ироа шудаанд, омодаи қабули беморонанд”, - изҳор дошт сироятшинос.

Ӯ изҳори умед кард, ки ниёзе барои корбурди захираҳо нахоҳад буд, чун бо шифоёбии феълии беморон, ки ҳамарӯза 45-50 нафарро ташкил медиҳад, метавон мавҷи дуюмро пешгирӣ намуд.

58 шифоёфта ва 39 маризи нав: омори ҷадиди коронавирус дар Тоҷикистон

Раҳмонов таъкид намуд, ки беҳтарин роҳи мубориза бо мавҷи дуюми коронавирус риояи қоидаҳои беҳдоштӣ мебошад.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 39 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат аз моҳи апрел то ҳозир ба 10 ҳазору 939 нафар расид, 

Ҳамзамон дар 24 соати ахир 58 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10 ҳазору 128 нафар (92,5%) баробар гардид.