Путин: маҳдудияти сартосарӣ дар Русия намешавад

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, эҳтимоли маҳдудияти ҷадиди сартосарӣ дар робита ба паҳншавии коронавирус дар кишварро шарҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар Русия “локдаун”-и умумимиллӣ ё худ маҳдудсозии сартосарӣ дар пасманзари паҳншавии коронавирус дар назар нест, изҳор дошт раисиҷумҳур Владимир Путин.

Муҳоҷирони беминнат: чаро Русия ба мушкили норасоии ронандаҳо дучор шуд

Ӯ таъкид кард, ки дар Русия нақшаи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои сартосариро надоранд.

“Мо хуб медонем, чӣ кор бояд кард ва барои ин нақша надорем, ки чораҳои сартосарии маҳдудкунанда, ба истиллоҳ “локдаун”-и миллиро, ки амалан фаъолияти тиҷорат қатъ мешавад, роҳандозӣ намоем”,- изҳор дошт Путин дар анҷумани сармоягузории XII, зери унвони "Россия зовет", ки ширкати "ВТБ Капитал" ташкил кард.

Қаблан раисиҷумҳури Русия изҳор дошт, ки барои суҳбат дар бораи мавҷи дуюми коронавирус дар кишвар барвақт аст, чун ба баъзе минтақаҳо мавҷи якуми беморӣ нав расида истодааст.

Ӯ зарур хонд, ки вобаста ба вазъияти паҳншавии коронавирус чораҳои саривақтӣ ва самаранок амалӣ карда шаванд.