ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар шаҳри Истаравшан муноқишаи оилавии зану шавҳари ҷавон ба ҳалокати зани 28 - сола анҷомид, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 10 октябр, тахминан соати 13:00-дақиқа дар манзили истиқоматии зану шавҳар рух дод.
Манбаъ меафзояд, марди 30 - солаи сокини деҳаи Қадамҷои шаҳри Истаравшан бо ҳамсари 28 - солаи худ муноқиша намуда, бо корд 2 маротиба ба гарданаш задааст.
Ҳамсарро қатл ва хушдоманро захмӣ кард: боздошти сокини 27-солаи Норак бо ҷурми одамкушӣ
Дар натиҷа, ҳамсараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
"Номбурда бо мақсади худро аз ҳаёт маҳрум сохтан бо корд гардани худро бурида, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - таъкид мешавад дар хабар.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо модддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.