ВУХ Русия вокуниши Ғарбро ба пешниҳоди Путин, бемасъулиятӣ хонд

Вазорати умури хориҷаи Русия мегӯяд, шарикони ғарбӣ аз кӯшиши Русия барои ба эътидол овардани вазъ дар Урупо, канорагирӣ мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Русия мегӯяд, шарикони ғарбӣ кӯшиши Русияро барои ором нигощ доштани вазъ дар Урупо, нодида мегиранд.

Рӯзи душанбе Владимир Путин барои ба эътидол овардани вазъ дар шароити ба охир расидани муҳлати Созишнома дар бораи мушакҳои дурпарто барномае пешниҳод кард. Раҳбари Русия даъват карда, ки василаҳои боздорандае бо принсипҳои мутақобила таҳия шавад.

Шарикони урупоӣ ба ин пешниҳод нобоварона муносибат карданд. Аз ҷумла дар Берлин гуфтанд, ки чунин идеяҳо "эътимоднок нест".

"Аввалин сигналҳои бефикронаро мо аз Урупо шунидем", - гуфт дар суҳбат бо РИА Новости муовини ВУХ Русия, Сергей Рябков.

Ӯ таъкид кард, онҳое, ки "пешниҳодоти президент Путинро сарфи назар кардан мехоҳанд, "муносибати хеле бемасъулиятона" -ро барои таъмини амнияти Аврупо нишон медиҳанд.

"Ин як қадам ба сӯи охири дунёст". Пас аз хуруҷи ИМА аз СНВ-3 чӣ рӯй хоҳад дод?

"Ҷиддияти пешниҳодҳо омӯзиши амиқро талаб мекунад. Амиқии ин пешниҳодот фикрронии фундаменталиро талаб дорад, ин инъикосгари муносибати роҳбарияти Федератсияи Русия барои ёфтани роҳи ба эътидол овардани вазъи ҳарбӣ-сиёсии Урупо то он ҷо "бӯҳронҳои нави мушакӣ" ба мал наояд, - афзуд сиёсатмадор.

Чаро Амрико натавонист Боку ва Ереванро оштӣ кунад

Шартномаи INF барои таъмини суботи стратегии ҷаҳонӣ пешбинӣ шуда буд.

Қарабоғи Кӯҳӣ метавонад “Макка”-и дуюми террористони байналмилалӣ шавад

Моҳи августи соли 2019 Иёлоти Муттаҳида аз созишнома "бо сабаби қоидавайронкуниҳои Русия", ки Вашингтон ба таҳия ва озмоиши мушаки манъшудаи 9М729 айбдор мекард, хориҷ шуд. Маскав итминон медиҳад, ки масофаи иҷозатдодашудаи он камтар аз 500 километр аст.