Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимоли бориши борон дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст, хабар додааст Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст, менависад АМИТ "Ховар".

Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Борон, вале гарм: имрӯз дар Тоҷикистон то 25 дараҷа гарм мешавад

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони суст  меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор  метр барфи суст дар назар аст. 

Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бо шиддатнокии то 13+18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа  хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шимолу-шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Дар ноҳияҳои ҷанубӣ чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйиёбанда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар ааст. Танҳо дар нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони суст (дар баландиҳои зиёда аз 3000метр барф) меборад. Шамол аз самти шимолу-шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония  мевазад. 

Раъду барқу борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 10+15 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ шимолу-шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4 ва  рӯзона 16+18 дараҷа  гарм мешавад.