ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирусро дар Тоҷикистон эълон кард, ки мувофиқи он боз як шаҳрвани кишвар қурбони ин беморӣ шуд.
Ин ниҳод иттилоъ медиҳад, ки дар шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба 10900 нафар баробар гардид.
Ҳамзамон, дар 24 соати охир 61 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10070 (92,4%) баробар гардид.
Таъсир ба наслҳо: табиб оқибатҳои хатарноки коронавирус дар кӯдаконро гуфт
Тибқи иттилои Вазорат дар давоми шабонарӯзи гузашта аз COVID - 19 боз як нафари дигар ҷон бохта, шумораи умумии қурбониёни ин вабои аср ба 82 нафар расид.
Манбаъ афзуда, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.
Вазорат аз сокинони кишвар даъват карда, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.