Мулоқоти дипломатҳои тоҷик бо мақомдорони баландпояи Миср ва Арабистони Саудӣ

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз мулоқоти сафирони тоҷик бо ноибони вазирҳои умури хориҷии Миср ва Арабистони Саудӣ хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ВУХ, Заробиддин Қосимӣ, сафири Тоҷикистон дар Қоҳира бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср дар умури кишварҳои Осиё, Ториқ Ал-Васимӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.

Раҳмон ва Абдулқодирзода дар феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузори дунё

“Дипломати тоҷик дуруди роҳбарияти Тоҷикистон ва Вазири корҳои хориҷии кишварро ба ҷониби Миср расонида, омодагӣ ва рағбати ҷониби моро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо кишвари дӯсти Миср таъкид намуд”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки дар вохӯрӣ ҷанбаҳо ва имконоти тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд ба таври муфассал баррасӣ шуданд. Ҷониби мисрӣ низ алоқамандии худро ба густариши робитаҳо ва ҳамкорӣ таъкид намудаст.

Ба иттилои ВУХ, инчунин дар шаҳри Риёз мулоқоти сафири Тоҷикистон Акрам Каримӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар умури бисёрҷонибаи байналмилалӣ Абдураҳмон ал-Рассӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории ду кишвари дӯст дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд, таъкид кардаст манбаъ.