Дастури Раҳмон барои муътадил нигоҳ доштани нархҳо

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар ҷаласаи Ҳукумат масъалаи нарх дар бозорҳои ҷумҳуриро ба миён гузошт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозори истеъмолии кишвар назди мақомдорон вазифа гузоштааст. 

Ҳукумат ҳаҷми буҷаи 2021-ро гуфт: барои кадом соҳа чанд пул?

Дар ин маврид иҷрои қатъии супоришҳои Ҳукумати мамлакат вобаста ба истифодаи самараноки замин, гирифтани ду-се ҳосил аз ҳар як қитъаи он ва дар ин асос зиёд намудани майдони кишти картошка ва зироатҳои дигар, хусусан, ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо, шолӣ ва ҷуворимаккаи дон ва ғайра зикр шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин таъкид намудаст, ки самарабахш ва оқилона истифода намудани маблағҳои буҷети давлатӣ боиси рушди иқтисоди миллӣ ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мегардад ва аз тамоми роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ масъулияти баландро талаб кардаст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мақомдорони кишвар пеш аз ҳама амалӣ намудани афзалиятҳои стратегии муҳими давлатӣ, аз ҷумла раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бехатарии давлат ва саноатикунониро талаб намудааст.