Бо корд ҳамла кардани ноболиғ ба хонандагони синфи 10: пулис волидонро ҷарима кард- навор

Ҷавони 17 - сола бо ҳамроҳии ду дӯсти дигараш барои ҳал кардани нофаҳмиҳо миёни ӯ ва хонандагони синфи 10, мактаби № 92, ба яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе омада, бо корд ба онҳо таҳдид кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Навори муноқишаи ду гурӯҳ ҷавонону ноболиғон дар шаҳри Душанбе, аз ҷониби раҳгузаре сабт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. 

Зимнан, кормандони милитсияи пойтахт навори мазкуро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин навор навраси 17 - сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, хонандаи курси 2 - и Литсеи касбӣ - политехникӣ бо ҳамроҳии ду нафар рафиқони худ, яке ҷавони 19 - сола, дигаре ҷавони 15 - сола ба хотири қасдгирӣ аз хонандагони синфи 10 - и МТМУ № 92 дар ноҳияи Сино, онҳоро ба муноқиша даъват кардаанд.

Вазорати маорифи ҶТ омӯзгореро, ки бо донишомӯз задухӯрд карда буд, танбеҳ дод

Манбаъ меафзояд, ҳодисаи мазкур рӯзи 25 октябр рух додааст. Чаҳор нафар хонандагони синфи 10 - и муассисаи мазкур ба хотири ба қавле ҳал намудани нофаҳмиҳои ба миён омада, ба макони муайяншуда рафтаанд.

Дар навор ҷавони 17 - сола бо корд ба хонандаҳо таҳдид намудааст, ки дар натиҷа, ҳамаи онҳо пароканда шуданд.

РВУД дар шаҳри Душанбе таъкид мекунад, ки нисбати волидайни ноболиғон бо моддаи 90 - Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барои бемасъулиятӣ ва ҳунукназарӣ нисбати таълиму тарбияи фарзанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Волидони кӯдакон ҷаримабандӣ ва худи онҳо ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.