ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 6-11 то 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бо шиддати то 12+17 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйиёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Тирамоҳи гарм: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5 ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.