ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирусро дар Тоҷикистон эълон кард.
Тибқи иттилои ин ниҳод, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 43 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 26 октябр ба 10819 нафар расид.
Зарбаи сеюм ба пандемия: Русия озмоиши ваксинаи сеюм алайҳи COVID - ро шурӯъ кард - навор
Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 62 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9951 (92,0%) баробар гардид.
"Бар асари ин беморӣ 81 нафар фавтидаанд", - омадааст дар гузориши Вазорати тандурустӣ.
Дод аз дасти коронавирус: афзоиши бесобиқаи гирифторони COVID-19 дар Осиёи Марказӣ
Манбаъ афзуда, ки ҲукуматиТоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.