Баҳс ва тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон - шарҳи ҷонибҳо: аксу видео

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон аз моҷаро дар марз бо Тоҷикистон ва тирпаронии сарҳадбонҳои қирғиз хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik.  Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ дод, ки баъди зуҳри 25 октябр, тақрибан соати 16:45, шаҳрвандони Тоҷикистон дар маҳаллаи Уч-Добои ноҳияи Бодканд лӯлаи об гузаронданӣ буданд, хабар додааст Sputnik Қирғизистон.

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дурбинҳои назоратӣ насб карданд

Манбаъ афзуд, ки ба ҷои ҳодиса ҳайати марзбонҳои қирғиз ҳозир шуда, аз шаҳрвандони Тоҷикистон хостаанд, ки корҳоро дар қисмати аломатгузоринашудаи марз қатъ кунанд.

Кор дар қаламрави Тоҷикистон буд: КДАМ тирпаронии марзбонҳои қирғизро шарҳ дод

Аммо сокинони деҳаи Хоҷа Аълои Тоҷикистон мегӯянд, ба иваз кардани лӯлаи куҳна бо нав дар назди хонаи омӯзгори маҳаллӣ машғул буданд, ки марзбонҳои қирғиз омада ба тирпаронӣ оғоз карданд. Дар навори нашркардаи корбарон, марзбонҳои қирғиз дар ҳоле тирпаронӣ мекунанд, ки марде дар хитоб ба онҳо мегӯяд, он ҷо сокинони мулкиянд.

Иқбол Илёсзода, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара низ моҷарои 25 октябр ва тирпаронии марзбонҳои қирғизро иғво хонда, афзудааст, ки сокинони Хоҷаи Аъло ба иваз кардани лӯлаи куҳна ба нав машғул буданд.

Аммо ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, атбои Тоҷикистон ба талаботи марзбонҳо итоат накарда, бо онҳо вориди баҳси лафзӣ шудаанд.

“Бо мақсади ҳифзи ҳаёту саломатии низомиён ва ҷилавгирӣ аз шиддати вазъ марзбонҳо маҷбур шуданд ба ҳаво тирҳои огоҳкунандаро холӣ намоянд”, - тавзеҳ додааст Хадамоти марзбонии  Қирғизистон.

Манбаъ илова намудааст, ки феълан корҳо қатъ шуда, намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон мулоқот гузаронда истодаанд.  Вазъ дар марз муътадил арзёбӣ мешавад.