Манъи исқоти ҳамл дар Полша мардумро ба по хезонд - акс

Sputnik

Дар Полша минбаъд исқоти ҳамл манъ карда шуд. Аммо шаҳрвандони Полша аз чунин тасмимгириҳои ҳукумат розӣ нестанд. Барои изҳор доштани норизогии худ онҳо ба эътироз даст заданд.

Новорожденный, архивное фото
Муфтӣ: исқоти ҳамл ҳаром аст, ҳар як кӯдак ба буҷаи Тоҷикистон миллион доллар меорад

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои пароканда кардани эътирозгарон аз ҳар васила истифода мебаранд. Гуфта мешавад, ин тасмим аз ҷониби Суди конститутсионӣ ба ҳукми қонунӣ даромад.

Шаҳрвандон комилан ба муқобили манъ шудани исқоти ҳамл мебошанд.Онҳо бо шиору овезаҳо ба кӯчаҳо баромаданд.

Суди конститутсионӣ қарор намуд, ки танҳо дар мавриди рушд накардани кӯдаки дар батн буда, исқоти ҳамл мумкин аст.Дар дигар ҳолатҳо анҷом додани ин кор тамоман номумкин аст.

Боз эътироз: таҷаммуи мардуми Қирғизистон дар шароити вируси корона

Зикр мегардад, ки пулис аллакай 7 нафар аз эътирозгаронро боздошт намуданд.

Аксари эътирозгарон дар замони пандемия пӯшидани ниқоби тиббиро фаромӯш накарданд. Вале риояи фосилаи иҷтимоӣ дар чунин ҳолат тамоман номумкинбуд.