Марги ду сокини Чорсӯ дар садамаи мудҳиши нақлиётӣ: яке ронанда буду дигараш мусофир

Ронандаи худрави "Опел - Вектра" аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромада, ба автомашинаи дигар бархӯрд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 октябр - Sputnik. Садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар роҳи мошингарди "НФС - Ориё, дар ҳудуди деҳоти Бостон рух дод, хабар медиҳад котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Боз садама дар тӯй: мошин бо домоди тоҷику арӯсаш ба истгоҳ бархӯрда, чаппа шуд

Ба иттилои манбаъ, сонеҳаи нақлиётӣ рӯзи  23 - юми октябр, тахминан соатҳои 15:30 дақиқа рух дод.

Манбаъ меафзояд, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", Қурбонов Сафари 72 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Чорсӯи шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи нақлиётгарди "НФС-Ориё", дар ҳудуди деҳоти Бостон аз роҳи дуюмдараҷа ба роҳи асоси баромаданаш ба автомашинаи тамғаи "Опел-Зафира" бархӯрд.

Нохушӣ дар оилаи Ҳошимов: ҳалокати ду бародар дар пайи садама дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд"

Сари идораи ин худрав Авлиёқудов Шаҳрихони 20 - сола, сокини шаҳри Душанбе қарор дошт. Номбурда бо роҳи асосӣ аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард.

Дар натиҷа ҳардуи автомабилҳо зарари техники дида, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", Қурбонов ва мусофири автомашинаи мазкур, Сафаралиев Гурез, соли таваллудаш 1941, сокини ҷамоати деҳоти Чорсу, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.