Парванда алайҳи зане барои даллагӣ: як ҷуфти шаҳватпарастро шинос карда, пул гирифтааст

Мақомоти Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд нисбати як зани 42 солаи сокини шаҳри Бӯстон барои машғул шудан ба даллагӣ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 окт – Sputnik. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, зани гумонбаршаванда муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон буда, барои бо ҳам рӯ ба рӯ намудани як ҷуфти шаҳватпараст ба даллагӣ машғул шудааст.

Хонаашро ба фоҳишахона табдил доду мукофотпулӣ гирифт: боздошти зани ҷавон дар Душанбе

“Санаи 19 уми октябр, Т. Э., соли таваллудаш 1978 як марди 34 сола истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳристон ва як зани 43 солаи шаҳри Бӯстонро барои алоқаи ҷинсӣ намудан бо ҳам шинос намуда, бар ивази ин кораш 100 сомонӣ пул гирифтааст”, гуфт манбаъ.

Ин ҳолат аз тарафи шуъбачаи мубориза зидди ҷиноятҳои ахлоқии РВКД дар вилояти Суғд муайян ва ошкор карда шудааст.

Алҳол нисбати Т. Э., зани 42 сола барои даст задан ба ин кирдор бо моддаи 239 қисми 1 (ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ)-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкоршавии ташкили ду фоҳишахона, яке дар деҳа дар Суғд - шарҳи ВКД

Мавридҳои машғул шудан ба даллагию фоҳишагии занон як мушкили умдаи ахлоқӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва мақомоти беҳдоштӣ таъкид меварзанд, ки аз ҳисоби алоқаи ҷинсии номашруъ, шумори гирифторони бемории HIV AIDS ё ВИЧ СПИД бештар рақам зада мешавад.