Дар Ӯзбекистон озмоишҳои клиникии ваксинаи чинӣ алайҳи COVID-19 гузаронида мешавад

Интизор меравад, ки озмоишҳои клиникӣ дар ихтиёриёни 18-сола ва калонтар гузаронида мешаванд. Пеш аз оғози озмоишҳо намояндагони ҶМЧ оид ба шароити эмгузаронӣ як қатор тренингҳо доир хоҳанд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Вазорати рушди инноватсионии Ӯзбекистон, намояндагони Институти микробиологияи Академияи илмҳои Чин ва ширкати чинии Anhui Zhifei Longcom Biopharmaceutical оид ба ташкили озмоишҳои клиникии ваксина алайҳи коронавирус дар Ӯзбекистон ба мувофиқа расидаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати Ӯзбекистон.

Барои эҳтиёт: дастури Бердимуҳаммадов барои харидории ваксина алайҳи COVID-19

Ваксинае, ки ин ширкат таҳия кардааст ва ҳоло озмоишҳои клиникиро аз сар мегузаронад, сафедаи аз ҷиҳати генетикӣ таҳияшудаи антигени сатҳи коронавирус мебошад, ки нисбат ба аденовирус ва намудҳои ғайрифаъол ваксинаи баланд дорад.

"Дар ҷараёни гуфтушунидҳо қайд карда шуд, ки дар сурати бомуваффақият ба анҷом расонидани ҳамаи марҳилаҳои озмоишҳои клиникӣ, Ӯзбекистон дар хариди ваксина аз рӯи вақт ва нархи ҳадди ақалл афзалият хоҳад дошт", - омадааст дар иттилоия.

Мутахассисони Вазорати рушди инноватсионӣ бо шарикони чинӣ ташкили раванди эмгузаронӣ ва омодагӣ ба ин равандро баррасӣ карданд.

Марги табиби 28 - сола пас аз иштирок дар озмоиши ваксинаи бритонӣ алайҳи коронавирус

Интизор меравад, ки озмоишҳои клиникӣ дар ихтиёриёни 18-сола ва калонтар гузаронида мешаванд. Пеш аз оғози озмоишҳо намояндагони ҶМЧ оид ба шароити эмгузаронӣ як қатор тренингҳо доир хоҳанд кард.