Рӯзи 22 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1797 ҳавонаварди фаронсавӣ Андре Жак Гарнерен бори аввал дар ҷаҳон тавассути кураи ҳавоӣ аз баландии 1000 м ба замин фуруд омад.
Соли 1938 ихтироъкори амрикоӣ Честер Карлсон дастгоҳи ихтироънамудаи худро барои нусхабардории ҳуҷҷатҳо ба намоиш гузошт.
Соли 1966 Иттиҳоди Шӯравӣ моҳвораи "Луна-12"-ро ба кайҳон фиристод.
Соли 1993 Гурҷистон ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил шуд.
Соли 2001 олими рус магнити органикӣ ихтироъ намуд.
Соли 2007 дар фабрикаи пойафзол дар Чин сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷаи он 34 нафар ҳалок ва 21 нафари дигар захмӣ шуданд.
Рӯзи 22 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2001 дар Душанбе гуфтугӯи сеҷонибаи раҳбарони Тоҷикистон, Русия ва Афғонистон - Эмомалӣ Рҳмон, Владимир Путин ва Раббонӣ баргузор шуд.
Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон ва котиби давлатии вақти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳиллари Клинтон доир ба маҷмўи васеи масоили ҳамкории дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистону Амрико ва ҳамгироии судбахш доир ба таъмини эътидол дар Афғонистон табодули назар карданд.
Соли 2012 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид.
Соли 2013 — Ҳукумати Русия дароз кардани муҳлати будубоши муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистонро маъқул шуморид.
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба муносибати 65-солагии таъсиси радиои бурунмарзии Тоҷикистон – "Овози тоҷик" ҷамъомад доир шуд.
Соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти собиқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай масоили вобаста ба рушду густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамсоягии накуи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуданд.
Соли 2018 — Президент қитъаи роҳи таъмиру навсозишудаи Хуҷанд - Исфараро дар вилояти Суғд ба истифода дод.
Ҷашнҳои рӯзи 22 октябр
Рӯзи байналмилалии нафароне, ки лакнати забон доранд.
Ҷашни турнаҳои сафед дар Доғистон.
Рӯзи 22 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Соли 1903-1981 Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Сангалӣ Хоҷаев.
Соли 1937 года – дирижёр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Азиз Неёзмамадов.