Ҷаззобтарин занони Русия - 12 акс

Sputnik

Маҷаллаи MAXIM рейтинги ҷаззобтарин духтарони Русияро нашр кард. Ба ин рӯйхат 100 духтари зебо, ки бо шоу-бизнес алоқамандӣ доранд, ворид шуданд.

Ҷаззобтарин зани дунё дар соли 2019 аз нигоҳи "мардон" муайян шуд-аксҳои ҷаззоб

Феҳрист дар ду давр - дар асоси овоздиҳии хонандагон ва баҳогузории доварон тартиб дода мешавад.

Ин бор MAXIM танҳо дидгоҳи хонандагонро нашр кардааст. Рейтинги ниҳоӣ моҳи декабр пешкаш хоҳад шуд.

Ҷойи аввалро дар феҳристи ҷаззобтарин духтарони Русия узви гурӯҳи "Винтаж" Анна Плетнева гирифт.

Мақоми дуюмро овозхон Олга Серябкина аз худ кард.

Сегонаи аввалро Настя Каменских ҷамъбаст кард.

Ҳамчунин ба даҳгонаи зеботарин духтарони Русия ҳунарманд - Любов Новикова-Аксенова, овозхон Елена Темникова, кинематограф Наталя Рудова, ҳунарпеша ва муҷрии барномаи телевизионӣ Мария Горбан ва Яна Кошкина, сарояндаҳо Вера Брежнева ва Татяна Котова дохил шуданд.

1 / 12
Узви гурӯҳи "Винтаж" Анна Плетнева дар шабнишинӣ ба муносибати 100 духтари ҷаззобтарини Русия.
2 / 12
Овозхон Олга Серябкина (Molly) дар фестивали мусиқии "Жара" дар Маскав.
3 / 12
Сарояндаи гурӯҳи "Потап ва Настя" Настя Каменских дар фестивали мусиқавии "Жара" дар Боку.
4 / 12
Ҳунарпеша Любовь Аксенова (Новикова) дар маросими пӯшидашивии 28-умин фестивали синамо "Кинотавр" дар Сочи.
5 / 12
Сароянда Елена Темникова.
6 / 12
Ҳунарпеша Актриса Наталя Рудова дар маросими ҷоизасупории RU. TV дар толори консертии "Крокус Сити Холл" дар Маскав.
7 / 12
Ҳамсари футболбози "Локомотив" Яна Дюритси ҳунарпеша Мария Горбан, соли 2011.
8 / 12
Ҳунарпеша Яна Кошкина дар маросими XXII ҷоизасупории мукофоти "Золотой Граммофон".
9 / 12
Ҳунарпеша ва сароянда Вера Брежнева пеш аз маросими ҷоизасупории мусиқавии "Муз-ТВ 2011" дар "Олимпийский" - и Маскав.
10 / 12
Сароянда ва мудел Татяна Котова
11 / 12
Мудели русиягӣ Ирина Шейк дар намоиши муди Victoria's Secret дар Порис.
12 / 12
Мудел ва блогер Виктория (Вики) Одинтсова пеш аз нахустнамоиши филми Disney "Корол Лев"дар кинотеатри КАРО.