Об омад: Сокинони як деҳаи навбунёд дар Кӯлоб бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд

Беш аз 500 сокини деҳаи навбунёди Баҳористони Ҷамоати деҳоти "Зиракӣ"-и шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб як деҳаи навбунёд, ки беш аз 500 нафар аҳолӣ дорад бо оби ошомиданӣ таъмин гардид.  

Бино ба гузориши АМИТ "Ховар", дар деҳаи навбунёди Баҳористони Ҷамоати деҳоти "Зиракӣ"-и шаҳри Кӯлоб бо дастгирӣ ва маблағгузории Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва Сарраёсати "Тоҷикобдеҳот" хатти оби нӯшокӣ кашида шуд.

Об манбаи ҳаёт: 20 ҳазор сокини Кӯлоб бо об таъмин мешаванд

Гуфта мешавад, ки барои сохтмони иншооти мазкур аз масофаи 600 метр хатти баландшиддати барқ кашида шуда, трансформатор васл гардид, ки  дар он қоидаҳои беҳдоштию бехатарӣ риоя карда мешаванд.

Давоми як моҳ чоҳи амудӣ дар чуқурии 90 метр канда шуда, як адад насоси обкашӣ васл гардид, ки дар як дақиқа 25 куб об мекашонад.

Симонов: тақсимоти захираҳои об барои кишварҳои Осиёи Марказӣ  суоли дардовар аст

Дар баробари амалӣ гардидани лоиҳаи давлатӣ дар самти таъмини аҳолии шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва Сарраёсати "Тоҷикобдеҳот" дар чанд деҳаҳои шаҳри Кӯлоб иншооти оби нӯшокӣ бунёд гардида, аҳолӣ бо об таъмин шуд.

Манбаъ афзуда, ки тарҳи мазкур дар доираи амалишавии Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" роҳандозӣ кардааст.