ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Омори талоқ дар вилояти Хатлонро сармутахассиси САҲШ Ҳуронбӣ Мирсаидзода дар мусоҳиба бо "Фараж" ироа кардааст.
Дар нуҳ моҳи соли 2020 дар Хатлон 1770 хонавода пош хӯрдаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 202 адад камтар аст.
Намояндаи шӯъбаи минтақавии САҲШ гуфтааст, ин нишондодро бо тақвият бахшидани фаҳмондадиҳии арзишҳои оила байни ҷомеа иртибот додааст.
Аз шумораи умумии оилаҳо 1391 бо қарори суд, 376 бо ризоияти зану шавҳар, ки кӯдакони ноболиғ надоранд ва 3 оилаи дигар бо хоҳиши яке аз онҳо ҷудо шуданд.
Дар Душанбе шумораи издивоҷ ва талоқ коҳиш ёфтааст
"Пас аз пошхӯрӣ ин хонаводаҳо 1646 кӯдак танҳо бо яке аз волидон: 10 нафар зери тарбияи падар ва боқимонда бо модар монданд", - гуфт Мирсаидзода.