Раисиҷумҳури Корея пирӯзии эътимодбахши Эмомалӣ Раҳмонро шодбош гуфт

Мун Чже Ин, раисиҷумҳурии Корея дар номаи шодбошии худ ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, пирӯзиро дар интихоботи навбатӣ шодбош гуфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, воридоти паёмҳои шодбошӣ ба муносибати пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии 11 октябр идома доранд.

Омори коронавирус дар Тоҷикистон барои имрӯз: 51 кас шифо ёфту 39 нафар мариз шуд

Ба иттилои манбаъ, Мун Же Ин дар паёмаш пирӯзии Эмомалӣ Раҳмонро дар интихоботи навбатӣ эътимодбахш хонда, афзудааст табрикотро ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

"Муътақидам, ки таҷрибаи ғании Шумо дар соҳаи сиёсати давлатӣ дар оянда низ ба субот, тараққӣ ва шукуфоии кишваратон мусоидат хоҳад кард", - омадааст дар иттилоия.

Мун Же Ин изҳори хушнудӣ кардааст, ки аз лаҳзаи барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ дар соли 1992 муносиботи дуҷониба дар соҳаҳои гуногун ба таври мунтазам рушд меёбанд.

"Самимона изҳори боварӣ менамоям, ки дар якҷоягӣ бо Шумо ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд ва самарабахши байни кишварҳоямонро тавсеа хоҳем бахшид", - таъкид кардааст раисиҷумҳури Корея.

Мун Же Ин ба Эмомалӣ Раҳмон саломатии қавӣ ва ба мардуми тоҷик сулҳу шукуфоӣ таманно намудааст.