Беш аз 5,6 ҳазор бемор дар 24 соати гузашта: омори охири коронавирус дар Эрон

Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон гузориш дод, ки тайи 24 соати гузашта дар кишвар 5 ҳазору 616 бемори ҷадиди мубтало ба коронавирус шиносоӣ шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон гуфт, аз панҷ ҳазору 616 беморе, ки дар шабонарӯзи гузашта дар Эрон шиносоӣ шуданд, ду ҳазору 340 нафар бистарӣ шуданд.

Дари як донишгоҳи бонуфуз дар Маскав баста шуд: шумораи дардмандони коронавирус зиёд буд

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати беҳдошти Эрон, маҷмӯи беморони Ковид -19 дар ин ҷумҳурӣ ба 545 ҳазору 286 нафар расидааст.

Зарбаи сеюм ба пандемия: Русия озмоиши ваксинаи сеюм алайҳи COVID - ро шурӯъ кард - навор

“Ҳамчунин дар 24 соати гузашта 312 нафар аз беморони Ковид -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 31 ҳазору 346 нафар расидааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид кард, то кунун 438 ҳазору 709 нафар аз ин беморони коронаии Эрон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.