Тирамоҳи гарм: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе 23+25 дараҷа  гарм мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабри бебориш мешавад. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 0+5 ва рӯзона 16+21  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳушдори КҲФ Тоҷикистон: ҳавои сарду боридани боронҳои шиддатнок дар назар аст

Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш мешавад. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 22+27  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст.   Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3+8 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 дараҷа гарм  ва рӯзона 19+24 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои  камабри бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 5+7 ва  рӯзона 23+25 дараҷа  гарм мешавад.