Ифтитоҳи чойхонаи "Роҳат" дар ноҳияи Спитамен

Маркази хизматрасонӣ ва чойхонаи "Роҳат" аз тарафи соҳибкор Ҷамшед Бозоров бо харҷи беш аз як миллион сомонӣ бунёд гардидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар Ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен бо ширкатираиси вилояти Суғд, маркази хизматрасонӣ ва чойхонаи "Роҳат" ба баҳрабардорӣ расид.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии ИстиқлолиТоҷикистон сохта шуда, аз ду ошёна иборат аст.

гуфта мешавад, ки маркази хизматрасонӣ ва чойхонаи "Роҳат" аз тарафи соҳибкор Ҷамшед Бозоров бо харҷи беш аз як миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба осоишгоҳи "Баҳористон" рафт

"Дар Маркази хизматрасонӣ ва чойхонаи "Роҳат" 20 нафар сокинон бо ҷойи корӣ таъмин карда мешаванд", - омадааст дар хабарнома.

Раҷаббой Аҳмадзода аснои сафар ба ноҳияи Спитамен ҳамчунин, бо фаъолияти гармхонаи соҳибкор Шаҳноза Каримбоева, корхонаи пахтатозакунии "25-солагии Истиқлолият", сохтмони бинои маркази хизматрасонӣ, сехи коркарди шир, рафти ҷамъоварии пахта дар Ҷамоати деҳоти Тағояк шинос гардида, барои тақвияти корҳои ободонӣ, афзун намудани маҳсулоти гармхонаҳо, ҳарчи зудтар ба итмом расонидани маъракаи ҷамъоварии пахта ба масъулин супоришҳо додааст.