Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Фавт нест, аммо 41 нафар тоза мубтало шуданд: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон сафи мубталоёни маризии сироятии коронавирус аллакай ба 10 574 нафар расид. Ҳамчунин аз ин маризӣ 80 нафар ҷон бохтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Бидуни фавт: афзоиши гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ, аз 30 апрел то 20 октябр сафи муталоёни коронавирус ба 10574 нафар расид.

Зимнан, дар як шабонарӯзи охир 54 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9617  (90,9%)  баробар гардид. Ҳамчунин табион ҷони 80 маризи коронавирусро натавонистанд наҷот диҳанд.

Омори нави коронавирус дар Тоҷикистон: 80 қурбонӣ ва бештар аз 10 ҳазор мубталошуда

Дар ҳамин ҳол, Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ аз тамоми шаҳрвандон дархост менамоянд, ки ба риоя нам удани чораҳои пешгирикунанда аз ин беморӣ диқати ҷиддӣ равона созанд.