ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Мақомоти Арарбистони Саудӣ ба шаҳрвандони Арабистони Саудӣ дубора иҷозат доданд, ки дар масҷди Ал- Ҳаром намоз гузоранд.
Дар ин бора расонаҳои Арабистони Саудӣ гузориш медиҳад.
Масҷиди Ал-Ҳаром - масҷиди калонтарин дар тамоми ҷаҳон мебошад.
Ҳамчунин дар ин масҷиди будург, ки Каъба ҷойгир аст, 7 моҳи ахир намоз гузоштан на танҳо ба хориҷиҳо, балки ба шаҳрвандони худи Арабистони Саудӣ низ мамнӯъ буд. Сабаби ин иқдоми мақомот, коронавирус будааст.
Рӯзи якшанбе Вазорати умури ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ дар бораи оғози амалисозии давраи дувуми ҳаҷҷи умра эълон кард.
Ба Каъба нарасед: ҳаҷ дар шароити пандемия чигуна аст? - 10 акс
Ёдрас мешавем, Арабистони Саудӣ бо далели пандемияи коронавирус эълон кард, ки аз тамоми кишварҳо қабули муҳоҷирон лағв шудааст.