Ҷашнҳои рӯзи 18 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи ҳаждаҳуми октябр дар Озарбойҷон Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин дар ин сана Амрико аз Рӯзи Аляска қайд мекунад
Sputnik

Рӯзи 18 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

 

Соли 1922 Иттиҳодияи радиошунавонии британиягӣ- "ВВС" таъсис ёфт.

Ҷашнҳои рӯзи 17 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1968 дар Бозиҳои олимпӣ дар Мехико аз ҷониби Боб Бимон оид ба ҷаҳидан ба дарозии 8,90 м рекорди нави ҷаҳонӣ гузошта шуд.

Соли 2007 дар Покистон бузургтарин таркиш дар таърихи ин кишвар ба амал омад:  мошинҳои ҳамроҳикунандаи Беназир Бҳутто тарконида шуданд, ки бар асари он беш аз 130 нафар қурбон гардид.

Соли 1993 Латвия асъори нави худ – латро ҷорӣ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 15 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1906 дар Русия қарор дар бораи баробарии деҳқонон бо дигар қишрҳои ҷомеа бароварда шуд, ки акнун онҳо ҳуқуқ ба интихоби озодонаи макони зисти худро пайдо намуданд. Ҳамчунин нисбат ба онҳо раво дидани ҷазоҳои ҷисмонӣ аз рӯйи ҳукми судҳо манъ карда шуд.

Соли 1991 охирин ҷаласаи Президиуми Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор гардид.

Рӯзи 18 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2014 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба истиқболи солгарди 90-уми таъсиси шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 16 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 дар ноҳияи Айнӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхони Туғралро ифтитоҳ намуданд.

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати созанда баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакентро мавриди истифода қарор доданд.

Соли 2011 Тоҷикистон, Русия, Украина, Беларус, Қазоқистон, Арманистон, Қирғизистон ва Молдова Шартнома оид ба савдои озод дар ИДМ-ро ба имзо расониданд.

Ҷашнҳои рӯзи 14 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2017  Темур Зулфиқоров, адиби русзабони Тоҷикистон барои асари нави «Қиссаҳои тиллоии ишқ» дар Россия барандаи ҷоизаи Бунин гардид.

Соли 2018 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бурунди баргузор гардид

Соли 2018 дар Душанбе ҷаласаи дуюми гурӯҳи машваратии коршиносони маҳаллӣ оид ба пешгирии терроризму эктремизм баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 18 октябр

  •  Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар Озарбойҷон.
  • Дар ИМА- рӯзи Аляска.

Рӯзи 18 октябр кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1918-1990)  ҳунарманд, коргардон, ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Саъдулло Каримов.

Соли 1939 шоир ва тарҷумон Аслам Адҳам.

Соли 1962  собиқ роҳбари Ожонсии зидди фасод Фаттоҳ Ғоиб.