Сарозер шудани ду кӯдак дар эскалатор дар Маскав - видео

Духтарчаи хурде коляска дар даст, ки дар дохилаш бародари хурдиаш буд, талош дошт бо эскалатор поён фарояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Ду кӯдак дар яке аз марказҳои савдои Маскав аз эскалатор сарозер шуданд. Ҳодиса рӯзи 17 октябр рух дод, дар ин бора шабакаи телеграмии Mash хабар медиҳад.

Қайд мешавад, ки духтарчаи хурде коляска дар даст, ки дар дохилаш бародари хурдаш буд, талош дошт бо эскалатор поён фарояд.

Ӯ натавонист, коляскаро боздорад ва ҳамроҳи додараш ба поён сарозер шуд. Модари кӯдакон дар наздикӣ будааст ва ин ҳодисаро дида дарҳол ба назди фарзандонаш давидааст.

Падар фавтиду писари 18 - солааш захмӣ: дар Данғара трактор ба ҷарӣ сарозер шуд

Дар ин миён, посбобони маркази савдо пизишконро даъват кардаанд ва кумаки онҳо ба писарча лозим шудааст.

Феълан писарбача бо захми сар дар бемористон қарор дорад.