ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Хатари гирифторшавӣ ба COVID-19 дар одамоне, ки гурӯҳи якуми хун доранд (AB0) камтар аст, менависад "Известия".
Олимон аз Канада ва Дания дар озмоиши аввал аз 473 ҳазор нафар тести коронавирус гирифтанд. Дар паи ин озмоиш маълум шуд, юодамоне, ки дорои гурӯҳи якуми хун ҳастанд, камтар натиҷаи мусбат доранд. Миёни одамон бо гурӯҳҳои дуюм, сеюм ва чорум тағйироте дида нашуд.
Олимон гуфтанд, кадом омил хавфи марг аз коронавирусро дучанд мекунад
Дар як тадқиқоти дигар, мутахассисон маълумотро дар бораи 95 ҳазор нафар беморони вазнини коронавирус аз Канадаро таҳлил карданд.
Маълум шуд, одамони гирифтори беморӣ, ки ба гурӯҳҳои дуюм, сеюм ва чоруми хун дохил мешаванд, бештар аз сабаби норасоии гурда ба асбоби нафасдиҳии сунъӣ ниёз доранд.
Коршиносон бовар доранд, ки чунин одамон аз сирояти коронавирус бештар осеб мебинанд. Ҳамаи беморон, ба истиснои шахсони гурӯҳи якуми хун, бештар ба шӯъбаи эҳё муроҷиат мекарданд.