Иштироки Раҳмон дар иди Меҳргон дар Суғд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни сафар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ боздид карда, дар чорабинии Иди меҳргони вилояти Суғд иштирок намудаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо маҳсули заҳмати сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд, таваҷҷуҳи масъулинро ба таъмини нақшаи кишти маҳсулоти кишоварзӣ, 40 фоиз зиёд кардани кишти картошка ва 60 фоиз афзоиш додани кишти зироатҳо, аз ҷумла ғалладонагиҳо ҷалб кардаст.

Новобаста аз вируси корона дар Тоҷикистон Иди Меҳргон баргузор мешавад

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, то аввали октябр истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 287 ҳазор тонна, картошка 344 ҳазор тонна, сабзавот 431 ҳазор тонна, полезиҳо 138 ҳазор тонна расида, истеҳсоли мева, асал, гушту шир, тухми парранда,гушти моҳӣ афзоиш дода шудааст.

"Алҳол ҷамъоварии давраи тирамоҳии маҳсулоти кишоварзӣ ҷараён дошта, ҳосили мавҷуда аз афзоиши ҳаҷми истеҳсоли шолӣ, ҷуворимакка, анвои лубиёгиҳо-лубиё, мошу нахуд дар кишти такрорӣ пешбинӣ гардидааст", - омадааст дар иттилоия.

Инчунин хабар дода шуд, ки дар вилояти Суғд 70 ҳазор гектар боғ мавҷуд аст, ки аз он қариб 51 ҳазор гектараш ҳосилдиҳанда мебошад.

Дар Душанбе Идҳои каду, харбуза ва тарбуз таҷлил мешавад

Тибқи барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солхои 2016-2020 бунёди 230 гектар боғу токзори нав дар соли 2020 пешбинӣ гардида, ин нишондод 528 гектар иҷро ва нисбати барнома 2,3 маротиба зиёд мебошад.

Котиботи раисиҷумҳур тавзеҳ дод, ки намоишҳои дастовардҳои кишоварзони вилоят дар доираи ҷашни Меҳргон баргузор карда шуд.

Ҷашни Меҳргон дар радифи Наврӯз ва Сада аз идҳои қадимаи  тоҷикон буда, ба шарофати Истиқлоли давлатӣ дубора эҳё гардида, таҷассумгари файзу баракати кори кишоварзон ва иди ҷамъоварии ҳосил мебошад. Дар ин давра ҳосили кишоварзон ҷамъоварӣ ва ба хотири фаровонӣ ба кишти тирамоҳӣ вусъат бахшида мешавад.