ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қайд кардаанд, ки ахиран ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор шикоят бурдааст.
Ба гуфтаи номбурда, санаи 11-уми октябри шахсони номаълум аз назди боғи “Фарҳаги-фароғати” кули Ҷавонон нақлиёташ тамғаи “Хундай-старекс”-ро ғайри қонуни ҳай карда ба самти номаълум рафта ғайб задаанд.
Дар шаҳри Ваҳдат навраси 17 - сола ба рабудани автомашина гумонбар дониста мешавад
Гуфта шудааст, ки кормандони милитсияи пойахт зимни ҷустуҷӯ ноболиғони 15 ва 16-солаи сокинони шаҳри Ҳисорро дастгир намуданд.
Ин ду ноболиғ дар ғайриқонунӣ ронда бурдани воситаи нақлиёт гумонбар дониста мешаванд.
Дар ҳоли ҳозир тибқи иттилои манбаъ кормандони милитсияи пойтахт аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома медиҳанд.