Баъди супориши Раҳмон ба амниятиҳо: дигар барои суханҳои ноҷо ҷазои ҷиноӣ намедиҳанд

Дар пайи дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба амниятиҳо, қонуни ҷадид қабул гардид, ки дар бархе ҳолатҳо барои суханҳою шарҳҳои ноҷо, аз ҷумла тариқи интернет, ба ҷои ҷавобгарии ҷиноӣ, ҷавобгарии маъмуриро пешбинӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, дар амалия ҳолатҳое ҷой доранд, ки шахс барои баён кардани суханҳои ноҷо, ки метавонад боиси барангехтани адовати миллӣ, динӣ ё мазҳабӣ гардад, бо моддаи 189 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

“Дар бисёр маврид шахсе, ки ба чунин кирдор даст мезанад, бинобар надоштани дарки дуруст, оқибати ҳуқуқии амали худро пешбинӣ намекунад ва дар натиҷа, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад”, - тавзеҳ дод вазир ҳафтаи равон дар парлумон зимни муаррифии тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон.

Ба гуфтаи Ашӯриён, ин тағйирот дар пайи дастури Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоташ бо кормандони мақомоти амнияти миллӣ дода буд, таҳия ва пешниҳод гардиданд.

Ҳабси ҷавони 23-сола дар Суғд: зери наворҳои террористон шарҳ мегузоштааст

Ба гуфтаи вазири адлия, ҷорӣ намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои бори аввал содир намудани ин гуна кирдор боиси огоҳсозии шаҳрвандон аз оқибатҳои ҳуқуқии чунин кирдорҳо ва пешгирии экстремизм гардида, далели сиёсати инсондӯстонаи Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.

“Like” ва “поделиться” кардам: омӯзгор аз Суғд дар бораи 2 парвандаи ҷиноӣ ва афв-видео

“Бо дарназардошти ин, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 4621 илова гардида, мутобиқи он ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ), паст задани шаъну эътибори нажодӣ, миллӣ, динӣ (мазҳабӣ) ё маҳал, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубият ба нажод, миллат ё маҳал равона шудаанд, агар ин кирдорҳо ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла, интернет, содир шуда бошанд, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят боиси ҷавобгарии маъмурӣ мегардад”, - овардааст нашрияи “Садои мардум” аз қавли Ашӯриён.

“Like”-ҳои сархӯр: Раҳимзода дар бораи ҷазо барои лайкмониҳо дар интернет

Вазир: то 5800 сомонӣ ҷарима ё ҳабси маъмурӣ

Ба гуфтаи Музаффар Ашӯриён, ҷавобгарии маъмурӣ дар шакли ҷарима ва ҳабси маъмурӣ, аз ҷумла, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ шабонарӯз таъин карда мешавад.

Ҳукми зиндони собиқ муҳаррири телевизиони “Кӯлоб” барои “класс”-монӣ ва таблиғи “ДОИШ”

Вакилони парлумон дар пайи муаррифӣ тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистонро қабул намуданд.