Ҳамлаи навбатии қалбакӣ ба хонаводаи президент

Иттилоъ дар бораи миллиардҳои Озода Раҳмон, духтари президент Эмомалӣ Раҳмон ва масдуд шудани онҳо аз сӯи Бонки миллии Фаронсаро "фейк" ё "хабари ҷаълии навбатӣ" мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Яке аз афроди наздик ба Озода Раҳмон гуфт, ин кори дасти дурӯғбофони интернетист, ки солҳо ба ин сӯ мехоҳанд бо дурӯғҳои шохдор таваҷҷуҳи ҷомиаи Тоҷикистонро ба худ ҷалб кунанд.

“Парокандани ин қабил вирусҳо дар Ғарбу Аврупо як кори маъмулӣ шудааст. Ҳатман ки касе ба онҳо бовар нахоҳад кард. Агар аз рӯи душманӣ бошад, мардум ва дӯстони Тоҷикистон хуб мефаҳманд, ки ин ҳама талошҳои онҳо нақше бар об ва таҳрифи ҳақиқат аст”, - гуфт ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Қаблан аз сафҳаи Твитери гӯё Франсуа Вийруа де Гало (François Villeroy de Galhau), раиси Бонки миллии Фаронса, як хабар дар бораи масдуд шудани суратҳисоби бонкии Озода Раҳмон, духтари бузурги Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ки феълан раҳбари Дастгоҳи президенти Тоҷикистон низ мебошад, дар сафҳаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ пахш шуд.

Ҳамлаи навбатии қалбакӣ ба хонаводаи президент

Раиси Бонки миллии Фаронса рӯзи 4 октябри соли равон дар ҳисоби твиттериаш гӯё иддао кардааст, ки бо дархости иҷрочии судие ба номи Дезано, суратҳисоби бонкии Озода Раҳмон, раҳбари Дастгоҳ ва духтари президенти Тоҷикистон, ба иттиҳоми пулшӯӣ масдуд шудааст.

“Дар санади бонк омадаааст, ки аз соли 2019 то 2020 ба суратҳисоби ӯ зиёда аз 5 миллиард доллар ворид ва хориҷ шудааст”, - гуфта мешавад дар ин твити Франсуа Вийруа де Гало.

Зоҳиран, ин ҳисоби Раиси Бонки миллии Фаронса нест, зеро ҳамагӣ 31 август ташкил шуда, пурра иттилои ғалати дигаре аз ин қабил, аз ҷумла дар бораи Доналд Трамп, президенти Амрикоро нашр кардааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, бузургии рақам хеле шубҳаовар аст.

“5 миллиард доллар ин қариб 80% Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) – и Тоҷикистон аст. Аз рӯи имкониятҳои молиявие, ки Тоҷикистон дорад, чунин арқомро, бахусус ки бо асъори хориҷӣ, аслан тасаввур карда намешавад. Сирф аз нигоҳи техникӣ интиқолу баргардондани ин миқдор пул имкон надорад. Ин ҷанбаи ин хабари дурӯғинро ҳам гирем, ки гап дар бораи як сол меравад”, - гуфт ӯ.

Қаблан як хабари ҷаълӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи Дани Энгел, мудири бемористони “Herzliya Medical Center”-и Исроил дар бораи маризии Рустами Эмомалӣ, писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе пахш шуда буд.

Вазорати тандурустии Исроил расман хабари табобати Рустами Эмомалӣ аз саратонро рад кард

Ин хабар аз сӯи Дани Энгел ва ҳам вазорати тандурустии Исроил такзиб шуд. Ҳоло интизор меравад, ки Франсуа Вийруа де Гало, Бонки миллӣ ва ҳукумати Фаронса низ ба хабари фейкӣ дар бораи Озода Раҳмон вокуниш хоҳанд кард.