Истиқболи Оқохони IV аз пирӯзии Раҳмон: дуоҳои ман шуморо ҳамеша ҳамроҳӣ мекунанд

Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон –  Шоҳзода Карим Исмоил Оғохони IV Эмомалӣ Раҳмонро барои дигарбора президент интихоб шуданаш табрик кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, дар барқияи шодбошии Оқохони IV омадааст: “Самимонатарин табрикоти худро ба Шумо, Ҷаноби  Олӣ ба муносибати ба даст овардани эътимоди бузург аз тарафи мардуми Тоҷикистон дар интихоботи  президентӣ, ки ба наздикӣ гузашт ва барои ваколати наватон дар самти роҳбарӣ ба кишвар барои беҳбудии халқҳои тоҷик иброз медорам”.

Эрдуғон аз эътимоди зиёди мардум ба Раҳмон гуфт

Дар идомаи табрикот гуфта мешавад, ки ҳамчун шарики деринаи Тоҷикистон, Ташкилоти Оқохон оид ба рушд  (АКДН) минбаъд низ ӯҳдадории қавии худро  барои  идомаи ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон  дар расидан ба ҳадафҳои дар Стратегияи Миллии Рушд  муайяншуда ва баланд бардоштани сифати зиндагии  тамоми мардуми Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

“Дуоҳои ман ва орзуҳои неки гарми ман Шуморо, Ҷаноби Олиро барои муваффақият ва хушбахтӣ дар иҷрои вазифаҳои мансаби олииятон ва сулҳу пешрафт ва шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҳамроҳӣ мекунанд”,- гуфтааст Оқохони IV.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр баргузор шуд.

Матвиенко: Ғалабаи Раҳмон далели дастгирии саросарист

Дар интихоботи президентӣ аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон боз барои 7 соли дигар Президент интихоб шуд.